, Чоршанбе, 03-июл


ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ МУБОРАК!

 15.05.2024

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ МУБОРАК!

Санаи 15- уми майи соли 2024 Бобоев Неъматҷон Давлатович - муаллими калони кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Ташаккул ва хусусиятҳои рушди деситинатсияҳои сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷанбаҳои таърихӣ ва муосир)» рисолаи илмиашро дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-058 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои география бо ихтисоси 25.00.24 - Географияи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва рекреатсионӣ, зери роҳбарии Муртазоев Уктам Исматович, доктори илмҳои география, профессори кафедраи географияи табиии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бомуваффақият дифоъ намуд.

Раёсат, ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқ ва роҳбари илмияшро барои муваффақона ба итмом расонидани рисолаи илмӣ ва ҳимояи он сидқан табрику муборакбод намуда, дар корҳои илмии минбаъдаашон комёбиҳо таманно менамоянд.