, Чоршанбе, 11-декабр


ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК БОШАД!

 20.04.2024

ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК БОШАД!

Санаи 20.04.2024 муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи хориҷии  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ- Давлатов Файзидин Ҷамилович, рисолаи илмии худро дар мавзуи «Таҳлили сохторӣ-семантикии феълҳои ифодакунандаи мафҳуми тафаккур дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» зери роҳбарии Саидзода Ҳалим Азиз - доктори илмҳои филология, профессори кафедраи умумидонишгоҳии забони англисии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-036 назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Точикистон ба номи Сотим Улуғзода барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ муваффақона дифоъ намуд.

Ҳайати профессорон ва омӯзгорону кормандони Донишгоҳ муҳаққиқ ва роҳбари илмиашро ба ин муносибат табрику шодбош гуфта, дар корҳои илмии минбаъдаашон бурдбориҳо таманно менамояд.