, Ҷумъа, 27-декабр


ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ МУБОРАК БОШАД!

 13.04.2024

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ МУБОРАК БОШАД!

Санаи 13.04.2024 унвонҷӯи кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ- Аламова Хатичамо Туйбошиевна, рисолаи илмиашро дар мавзуи "Ҷанбаҳои педагогии ташаккули салоҳиятнокии донишҷӯён ҳангоми омӯзиши физикаи умумӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ"  дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор-Мирзоев Абдулазиз Раҷабович, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.08.02-Назария ва методикаи таълими фанҳои табиӣ (физика) муваффақона дифоъ намуд.

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳаққиқ ва роҳбари илмияшро барои бомуваффақият ба итмом расонидани рисолаи илмӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотияшон барор таманно менамоянд.