, Чоршанбе, 03-июл


ДИФОИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ МУБОРАК!

 12.04.2024

ДИФОИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ МУБОРАК!

Дар таърихи 12.04.2024 муаллими калони кафедраи биология ва методикаи таълими они факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ- Намозов Амонулло Каримхонович, рисолаи илмиашро дар мавзуи «Омӯзиши агробиологии коллексияи навъҳои себҳои маҳаллӣ, воридотӣ ва шаклҳои ёбоии онҳо дар шароити водии Ҳисор» дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-064 назди Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, зери роҳбарии доктори илмҳои кишоварзӣ-Назиров Ҳикматулло Нуралиевич, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои кишоварзӣ аз рӯи ихтисоси 06.01.05- Селексия ва тухмипарварии растаниҳои кишоварзӣ муваффақона дифоъ намуд.

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳаққиқ ва роҳбари илмияшро барои бомуваффақият ба итмом расонидани рисолаи илмӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотияшон барор таманно менамоянд.