,
Сешанбе, 10-декабр
Дар таърихи 08.04.2024, омӯзгори кафедраи химия ва методикаи таълими они факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ- Бобоев Комрон Одилович, дар мавзуи «Асосҳои технологии коркарди маъданҳои урандори кони "Тоҷикистони Шимолӣ-2», зери роҳбарии доктори илмҳои химия, академик Мирсаидов Ульмас Мирсаидович ҳимояи рисолаи илмиашро дар Шурои диссертатсионии муштараки 6D.KOA-042 назди Институти кимиё, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисоси 6D072001- Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ муваффақона дифоъ намуд.
Ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқ ва роҳбари илмиашро барои бомуваффақият ба итмом расонидани рисолаи илмӣ табрик намуда, дар корҳои илмии минбаъдаашон комёбиҳо таманно менамоянд.