, Якшанбе, 28-апрел


ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК БОД!


 17.02.2024

ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК БОД!

Санаи 17-уми феврали соли 2024 АБДУЛОВ ДИЛШОД НАЗАРОВИЧ - саромӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинги факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рисолаи номзадии худро дар мавзуи «РУШДИ БОСУБОТИ ИСТИФОДАБАРИИ ЗАХИРАҲОИ ТАБИИИ ТОҶИКИСТОН» зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ғаниев Таваралӣ Бобоевич барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.10 - менеҷмент, маркетинг ва нархгузорӣ (менеҷмент) дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.

Раёсат, ҳайати профессорн ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳаққиқ ва роҳбари илмиашро барои муваффақона ҳимоя намудани рисолаи илмӣ, сидқан, табрику шодбош гуфта, дар корҳои илмии минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно менаоянд.

*/