, Душанбе, 14-октябр


ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК БОД!

 21.12.2023

ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК БОД!

Санаи 21-уми декабри соли 2023 муаллими калони кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид дар мавзуи «Таҳлили мавзуӣ ва мундариҷавии очеркҳои Шодон Ҳаниф», рисолаи илмиашро дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-020 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050400 – Рӯзноманигорӣ (6D050401) - зери роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Гулов Сангин Нурович бо муваффақият дифоъ намуд.

Раёсати донишгоҳ муҳаққиқро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ ва роҳбари илмиаш- дотсент Гулов Сангин Нурович тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназиро таманно дорад.