,
Панҷшанбе, 26-декабр
Санаи 21-уми декабри соли равон Саидов Пайрав Мизробхонович, докторанти PhD-и кафедраи иқтисоди корхонаҳои факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рисолаи номзадияшро дар мавзуи “Захираҳои баландбардории самаранокии истеҳсолот дар хоҷагиҳо ва корхонаҳои агросаноатӣ (дар мисоли минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон)”, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Тағоев Ҷумъахон Ҳамроевич барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050608 - Иқтисодиёт (6D050608 - Иқтисодиёти комплекси агросаноатӣ), дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА - 016 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бомуваффақият дифоъ намуд.
Ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқ ва роҳбари илмиашро барои бомуваффақият ба итмом расонидани рисолаи номзадӣ табрик намуда, дар корҳои илмии минбаъдаашон комёбиҳо таманно менамоянд.