, Шанбе, 04-май


ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК БОД!


 07.12.2023

ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК БОД!

Санаи 7 декабри соли 2023 муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ғаюров Лоиқ Шералиевич дар мавзуи «Боҳамалоқамандии илм ва маориф дар шароити Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ)» рисолаи илмиашро дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-029-и назди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020100 - Фалсафа (6D020106 - Фалсафаи иҷтимоӣ) зери роҳбарии Қурбонов Абдураҳмон Шерович - доктори илмҳои фалсафа, профессор, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.

Раёсати Донишгоҳ муҳаққиқро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ ва роҳбари илмиаш тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназир таманно дорад.

*/