, Шанбе, 04-май


ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК БОШАД!


 02.12.2023

ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК БОШАД!

Санаи 2-юми декабр Иброҳимзода Одилхон Юлдош - муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Такмили механизми ҳавасмандгардонии рушди соҳибкории аграрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Субҳонзода Икром Субҳон барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.04.02 - иқтисодиёти комплекси агросаноатӣ дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-016-и назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бомуваффақият дифоъ намуд.

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқро барои бомуваффақият ба итмом расонидани рисолаи номзадӣ табрик намуда, дар корҳои илмии минбаъдааш комёбиҳо таманно менамоянд.

*/