,
Якшанбе, 10-ноябр
Дар таърихи 7- уми октябри соли 2023 муаллими калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Саодати Раҳмоналӣ дар мавзуи “Тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода аз ғояҳои ашъори адибони ҳавзаи адабии Кӯлоб” зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Иброҳимов Грез дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-030, назди Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.15–“Назария, методика ва ташкили фаъолияти фарҳангӣ – иҷтимоӣ” (13.00.05.03–“Педагогикаи иҷтимоӣ ва худшиносӣ” бомуваффақият дифоъ намуд.
Ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ ӯро барои бомуваффақият ба итмом расонидани рисолаи номзадӣ табрик намуда, дар корҳои илмии минбаъдааш комёбиҳо таманно менамоянд.