, Душанбе, 14-октябр


ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК БОШАД!

 30.09.2023

ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК БОШАД!

Дар таърихи 30-юми сентябр дар Кохи Сурӯш чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату идораҳо, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишвар, сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои зертобеи вазорат, собиқадорони соҳа ва омӯзгорони пешқадам иштирок намуданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ Сулаймони Абдуқаҳҳор, унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои фаъолияти дорои натиҷаҳои назаррас ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2023” гардида, бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуд.

Хайати профессорон ва омӯзгорону кормандони Донишгоҳ муаллим Сулаймони Абдуқаҳҳорро ба ин муносибат табрику муборакбод гуфта, дар корҳои эҷодии минбаъдаашон бурдбориҳо таманно менамояд.