, Шанбе, 04-май


ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК БОШАД!


 23.09.2023

ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК БОШАД!

Санаи 23-юми сентябри соли равон унвонҷӯи кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳақназаров Толибҷон Меҳриддинович рисолаи номзадии худро дар мавзуи "Ислоҳнамоии нуқсонҳои нутқии кӯдакони синни томактабӣ тавассути технология ва барномаҳои компютерӣ", зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Дадобоева Мадина Солибоевна барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ, дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-030, назди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ ӯро барои бомуваффақият ба итмом расонидани рисолаи номзадӣ табрик намуда, дар корҳои илмии минбаъдааш комёбиҳо таманно менамоянд.

*/