, Панҷшанбе, 09-май


ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК БОШАД!


 16.09.2023

ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК БОШАД!

Санаи 16-уми сентябри соли 2023 муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Бобохонова Шаҳрбону Холназаровна мавзуи рисолаи номзадии хешро таҳти унвони «Ташаккул ва рушди бозори фурӯши барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирзоалиев А.А. дар Шурои дисертатсионии назди Донишгоҳи давлати тиҷорати Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.

Аҳли коллективи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муаллимаро барои дар ҷодаи илм муваффақ шуданаш таҳният намуда, дар корҳои минбаъдаи илмияш барору комёбиҳои беназирро таманно дорад.

*/