, Чоршанбе, 08-май


ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК БОШАД!


 16.09.2023

ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК БОШАД!

Санаи 16.09.2023, соати 13:00 муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Қурбонов Диловаршо Мирзоевич рисолаи илмии худро дар мавзуи "АЗ ТАЪРИХИ МАҚУЛАҲОИ ФАЗО ВА ВАҚТ ДАР ФАҲМИШИ НАЗАРИЯИ НИСБИЯТ» зери роҳбарии доктори илмҳои педагогика, профессор Ғуломов Ислом Назарович дар Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА-061 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз руйи ихтисоси 07.00.10 - Таърихи илм ва техника (таърихи физика) бомуваффақият ҳимоя намуд.

Хайати профессорон ва омӯзгорону кормандони Донишгоҳ муаллим Қурбонов Диловаршоро ба ин муносибат табрику муборакбод гуфта, дар корҳои эҷодии минбаъдаашон бурдбориҳо таманно менамояд.

*/