, Чоршанбе, 08-май


ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК БОШАД!


 15.06.2023

ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК БОШАД!

Санаи 15-уми июни соли равон муаллими калони кафедраи химия ва методикаи таълими он Исмоилова Муборак Кенҷаевна дар мавзуи “Асосҳои илмӣ-методологии ташаккули фаъолияти таълмӣ-маърифатии донишҷӯён дар раванди машғулиятҳои амалӣ аз фанни химия”, рисолаи номзадӣ худро дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-002-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз руйи ихтисоси 13.00.08.02. Назария ва методикаи фанҳои табиӣ, таҳсилоти касбӣ (химия) зери роҳбарии доктори илмҳои биологӣ ва фармасевтӣ, профессор Бобизода Ғуломқодир Мукаммал бомуваффақият дифоъ намуд.

Раёсати донишгоҳ ба муҳаққиқро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта ба ӯ ва роҳбари илмиаш профессор Бобизода Ғуломқодир Мукаммал тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназир таманно дорад.

*/