,
Якшанбе, 10-ноябр
Ҳамасола дар Федератсияи Россия озмуни байналмилалии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баргузор мегардад, ки аз давлатҳои дигар низ ба ин озмун корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ворид мегардад. Имсол даври XXIII-уми озмуни байналмилалии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баргузор гардад.
Дар озмуни мазкур Исуфов Шердил Ватанович омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кори илмии худро дар мавзуи «ЖИВОТНОВОДСТВО КУЛЯБСКОЙ ОБЛАСТИ НАКАНУНЕ ВЕЛИКОЙ ОТЕЧЕСТВЕННОЙ ВОЙНЫ» пешниҳод намуда, сазовори Лауреати дараҷаи якум гардид.
Ҳамзамон роҳбари илмиаш, номзади илмҳои таърих Сайнаков Сайнак Парпишоевич барои тайёрии касбии илмии иштирокчии «33-юмин озмуни байналмилалии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ” бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.
Бояд гуфт, ки ин озмун ҳамасола аз ҷониби Маркази умумироссиягии коркарди корҳои илмӣ-пажуҳишӣ (Всероссийский центр научно-исследовательских разработок) гузаронида мешавад.