, Чоршанбе, 03-июл


МУВАФФАҚИЯТ МУБОРАК БОШАД!

 30.03.2023

МУВАФФАҚИЯТ МУБОРАК БОШАД!

Таърихи 30.03.2023 унвонҷӯйи кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҚАЮМОВА МУБИНА БОБОЕВНА дар мавзуи «АНТРОПОНИМИЯИ КӮЛОБ BA АТРОФИ ОН (ТАҲҚИҚИ ЗАБОНШИНОСӢ)» дисссертатсияашро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.02.01 - забони тоҷикӣ зери роҳбарии доктори илми филология, профессор, корманди шоистаи Тоҷикистон ҶУМЪАХОН АЛИМӢ дар ҷаласаи шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муваффақона дифоъ намуд.

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқ Қаюмова Мубина ва роҳбари илмӣ Ҷумъахон Алимиро бо ин дастовард табрику таҳният гуфта, тандурустӣ ва дар кору фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои беназир таманно мекунад!