, Чоршанбе, 03-июл


МУВАФФАҚИЯТ МУБОРАК БОШАД!

 17.03.2023

МУВАФФАҚИЯТ МУБОРАК БОШАД!

Санаи 17-уми март Тешаев Мирзошариф Саидҷафарович муаллими калони кафедраи молия ва қарзи факултети молиявию иқтисоди рисолаи номзадияшро дар мавзуи "Механизми ташкилӣ - иқтисодии истифодаи самараноки захираҳои замин дар минтақа (дар мисоли заминҳои обёришавандаи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон)", зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шералиев Эмомалӣ Нуралиевич барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.03- Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ, дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-014-и назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муваффақона дифоъ намуд.

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳ муҳаққиқро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрик намуда, дар корҳои илмии минбаъдаашон комёбиҳо таманно менамояд.