, Чоршанбе, 03-июл


МУВАФФАҚИЯТ МУБОРАК БОШАД!

 16.03.2023

МУВАФФАҚИЯТ МУБОРАК БОШАД!

Дар таърихи 16.03.2023 муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҷалилова Анварбӣ Неъматовна дар мавзуи "Унсурҳои забони омиёна дар ашъори Ашӯр Сафар" диссертатсияашро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология аз рӯйи ихтисоси 10.02.01 - забони тоҷикӣ, зери роҳбари доктори илмҳои филологӣ, профессор Шаҳбоз Кабиров дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсиони 6D.KOA-022 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муваффақона дифоъ намуд.

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳ муҳаққиқро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрик намуда, дар корҳои илмии минбаъдаашон комёбиҳо таманно менамояд.