,
Якшанбе, 15-декабр
Дар таърихи 16-уми март муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Кенҷаева Озодамо Убайдуллоевна рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Вижагиҳои луғавӣ ва лексикию маъноии феълҳои таркибии номӣ дар насри бадеии Сотим Улуғзода” диссертатсияашро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.02.01 –(забони тоҷикӣ), зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷумъахон Алимӣ дар назди ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-022 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.
Ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳ муҳаққиқро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрик намуда, дар корҳои илмии минбаъдаашон комёбиҳо таманно менамояд.