,
Панҷшанбе, 26-декабр
Санаи 24-уми феврали соли 2023, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Яқубзода Фируз Нурмат рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Давлати дунявӣ ва хусусиятҳои муҳими он дар замони тағйирпазирии ҷомеа (дар мисоли Ҷумуҳурии Тоҷикистон)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 23.00.02 – Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ, зери роҳбарии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар нази ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-001 назди Донишгоҳи милли Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.
Ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳ муҳаққиқро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрик намуда, дар корҳои илмии минбаъдаашон комёбиҳо таманно менамояд.