, Панҷшанбе, 26-декабр


ХУШХАБАРИ ДИГАРИ ИМРӮЗ

 22.02.2023

ХУШХАБАРИ ДИГАРИ ИМРӮЗ

Дар таърихи 22-юми феврали соли 2023 Раҳимов Абдулқосим, саромӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи "Таҳқиқи муқоисавии унсурҳои луғавии мовароуннаҳрии "Ғиёс-ул-луғот" бо шеваи ҷанубиву шимолии муосири тоҷикӣ" барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология аз рӯи ихтисоси 10.02.20 - Забоншиносии муқоисавӣ - таърихӣ зери роҳбарии доктори илми филология, профессор Ҳасанзода Абдуҷамол Ашраф дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо муваффақият дифоъ намуд.

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳ муҳаққиқро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрик намуда, дар корҳои илмии минбаъдаашон комёбиҳо таманно менамояд.