, Шанбе, 18-май


АВВАЛИН МУҲАРРИРИ РӮЗНОМАИ «АНВОРИ ДОНИШ» ЗОДРӮЗ ДОРАНД

 04.02.2023

АВВАЛИН МУҲАРРИРИ РӮЗНОМАИ «АНВОРИ ДОНИШ» ЗОДРӮЗ ДОРАНД

Имрӯз аввалин муҳаррири рӯзномаи "Анвори дониш" - нашрияи расмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Аламхон Кӯчаров, доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ зодрӯз доранд.

Ӯ солҳои  1994-1996 муҳаррири рӯзномаи "Анвори дониш" буданд. Устод  олим, адабиётшинос, мунаққид, доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи Академияи  миллии илмҳои  Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи ордени «Дӯстии халқҳо» ва барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ мебошанд.

Дар ҳақиқат, фаъолияти хуби кордонӣ, малакаи баланди роҳбарӣ, муносибати самимӣ бо дӯстону пайвандон, ҳамкорону шогирдон ва аҳли ҷомеа ӯро обрӯманду соҳибэҳтиром гардонидааст. Маҳз бо ҳамин хислатҳои накӯ - хоксорию фурӯтанӣ, оромтабиатию таҳаммулгароӣ, малакаи баланди муошират, соҳибдилию соҳибмаърифатӣ миёни ҷомеа обрӯву иззати боризро соҳиб шудаанд.

Бо як ҷаҳон эҳтирому самимияти афзун Шуморо бо рӯзи мавлуди фархундапаятон табрику таҳният менамоем. Бароятон дар ин рӯзи хуҷастапай офиятмандию хуррамӣ, умри бардавом, саодати бегазанд, некрузиву комронӣ, муваффақиятию пешсафӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди илмиро орзумандам. Бигузор пайваста дилатон шоду рӯзгоратон пур аз хӯшиҳо бод!

Бори дигар, солгарди умратон муборак ва ҳама рӯзи умратон саршор аз шодию нишот бошад, устоди арҷманд!

Хоҳем, ки сари баландатон хам нашавад,

Ин шуҳрату обрӯятон кам нашавад.

Ғайр аз фараҳу бахту саодат умре,

Чизи дигаре ба умратон зам нашавад!

ҲОЛНОМА

КӮЧАРОВ Аламхон (тав. 04.02.1946, деҳаи Сарчашмаи ноҳ.Шӯроободи вил. Хатлон, аз хонадони зиёӣ) мунаққид, адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1997), профессор (2003), узви ИН Тоҷикистон (1997). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2008), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1995), барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2003). Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ, 1969).

Таҳсил дар мактаби миёнаи зодгоҳ, донишҷӯ (1964-1969), муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ИДПК (1969-1997), дотсент (1997-2002), профессор (2002-2010), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикӣ (2002-2010), аз соли 2012 сарходими Институти тадқиқотӣ-илмӣ дар ДМТ. Доир ба мавзӯи «Масъалаҳои матншиносиии повести «Одина»-и С.Айнӣ (1978, Душанбе) рисолаи номзадӣ ва «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри Айнӣ» (1997, Душанбе) рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.

Масъалаҳои матншиносӣ тамоми фаъолияти илмӣ ва  таълифоти ӯро фаро гирифтаанд. Аввалин маротиба оид ба матншиносии адабиёти муосири тоҷик тадқиқоти муфассал анҷом дода, монографияи алоҳида ба табъ расонидааст. Бори нахуст нақди матни осори устод Айниро ба таври мукаммал тадқиқ ва фаъолияти муҳарририи ӯро муфассалан баррасӣ намудааст. Муаллифи беш аз 410 таълифот. Зери роҳбарии ӯ 4 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд. Бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2008, Душанбе), бо ордени «Дӯстии халқҳо» (2001, Душанбе), нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1995, Душанбе) сарфароз гардидааст.

Устод Аламхон Кӯчаров муаллифи рисолаҳои «Тадқиқи текстологии «Одина»-и Садриддин Айнӣ», «Хусусиятҳои миллӣ ва интернатсионалии назми Мирзо Турсунзода», «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик», «Нақди матни осори Садриддин Айнӣ», «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айнӣ», «Адабиёти тоҷик» (дар ҳаммуаллифӣ), «Турсунзода: маҳорат ва садоқат», «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи Садриддин Айнӣ», асарҳои бадеии «Сад рубоӣ», «Бобо ва набераҳо» ва зиёда аз сесад мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.

Устод Аламхон Кӯчаров оид ба паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ибни Сино, Ҳофизи Шерозӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддини Шоҳин, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Ашӯр Сафар, Қутбӣ Киром, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Ҷонибеки Акобир, Муҳаммад Ғоиб ва ғ. мақолаҳо навиштааст.

Матни илмии интиқодии қиссаҳои «Одина» ва «Марги судхӯр» -и устод Айнӣ ва матни саҳеҳи рисолаҳои «Қуддусия», «Маърифати нафс» ва «Дарвешия»-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба табъ расондааст.

*/