Имрӯз, 27 ноябри соли 2026, Раънои Нуралӣ-муаллими калони кафедраи молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионии агросаноатӣ (дар маводи вилояти Хатлон)” бо роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ - Фатҳуллозода Абдухолиқ, бомуваффақият ҳимоя намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050605–Иқтисодиёти соҳаи кишоварзӣ дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-134 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дифоъ гардид.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ самимона табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи тадқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.