,
Ҷумъа, 27-ноябр

Имрӯз, 24 ноябри соли 2026, Ҳакимзода Ниёлбӣ Саидмурод - ассистенти кафедраи математика ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи «Фаъолгардонии раванди таълими геометрия тавассути ташкил ва гузаронидани корҳои мустақилонаи хонандагон дар мтму (қисми планиметрия)» бо роҳбарии Давлатализода Сироҷиддин Давлаталӣ - номзади илмҳои педагогӣ, дотсент бо муваффақият ҳимоя намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рўйи ихтисоси 6D010900 – Математика (6D010901 – Назария ва методикаи таълими математика (таҳсилоти умумӣ)) дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-101 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дифоъ гардид.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.