,
Сешанбе, 24-ноябр

Имрӯз, 21 ноябри соли 2026, Ятимов Ҳомид Тоҳирович - муаллими калони кафедраи таъминоти барномвӣ ва Web-дизайни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Асосҳои методии рушди салоҳиятҳои амнияти иттилоотии омӯзгорони ояндаи информатика дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо роҳбарии Аюбзода Сафар Аюб – номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо муваффақият ҳимоя намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.10.3. Назария ва технологияи таълими информатика дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дифоъ гардид.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.