, Панҷшанбе, 05-ноябр


ХУШХАБАР!

 30.09.2026

ХУШХАБАР!

Имрӯз, 30 сентябри соли 2026, Кулобизода Мирзо Ашурмад – мудири кафедраи математика ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Ҳалҳои дудаврдошта барои муодилаҳои сарборидоштаи функсияҳои аналитикии умумикардашуда бо шароитҳои иловагӣ” бо роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика, профессор Сафаров Ҷумъабой Сафарович бо муваффақият ҳимоя намуд.

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 1.1.3. Муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-011 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дифоъ гардид.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.