, Панҷшанбе, 05-ноябр


ХУШХАБАР!

 29.09.2026

ХУШХАБАР!

Имрӯз, 29 сентябри соли 2026, Қудратова Мавлуда Нуриддиновна – муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Ташаккули фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон (таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ)” бо роҳбарии доктори илмҳои фалсафа, профессор Қурбонов Абдураҳмон Шерович бо муваффақият ҳимоя намуд.

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа РhD, доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020100 – Фалсафа (6D020106 – Фалсафаи иҷтимоӣ) дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-089 назди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дифоъ гардид.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.