, Чоршанбе, 23-сентябр


ХУШХАБАР

 12.09.2026

ХУШХАБАР

Имрӯз, 12 сентябри соли 2026, Ҳасанзода Бахтиёр Ҳасан - муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Таъмини суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирпазирии ҷомеа” бо роҳбарии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Сафарализода Хуҷамурод Қудусӣ бо муваффақият ҳимоя намуд.

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 5.6.2. Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияи сиёсӣ дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дифоъ гардид.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқ ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ самимона табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва кору зиндагӣ комёбиҳои нав ба нав орзу менамоянд.