, Чоршанбе, 23-сентябр


ХУШХАБАР!

 28.08.2026

ХУШХАБАР!

Имрӯз, 28 августи соли 2026, Ҳусайнзода Руҳуллоҳ Салоҳуддин - муаллими калони кафедраи математика ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Саҳми Абурайҳони Берунӣ дар инкишофи донишҳои риёзӣ дар асрҳои миёна” бо роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика, профессор Комилӣ Абдулҳай Шарифзода бо муваффақият ҳимоя намуд.

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисоси 6D060100 математика, (6D060101 – Таърихи илму техника (математика)) дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-061 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дифоъ гардид.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.