,
Чоршанбе, 23-сентябр

Имрӯз, 20 августи соли 2026, Мирзозода Сулаймон Мадислом - муаллими калони кафедраи биология ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Захираи растаниҳои шаҳддори минтақаи Кӯлоб, ҳифз ва истифодаи оқилонаи онҳо” бо роҳбарии номзади илмҳои биология, ходими калони илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ Мадаминов Абдулло Асракулович бо муваффақият ҳимоя намуд.
Диссертатсия барои дарёфти доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D060718-Ботаника дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-038 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дифоъ гардид.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.