,
Чоршанбе, 23-сентябр

Санаи 4 июли соли 2026 докторанти PhD-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ибодова Сайёҳат Маҳмадуллоевна диссертатсияи илмии худро дар мавзуи «Шаклҳои тасрифнашавандаи феъл дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ (дар асоси асарҳои илмӣ ва бадеӣ)» бо муваффақият ҳимоя намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D021300 - Забоншиносӣ (6D021310 - Забоншиносии типологӣ ва муқобилавӣ) дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-117 назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дифоъ гардида, таҳти роҳбарии илмии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷамшедов Парвона таҳия шудааст.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ самимона табрик гуфта, инчунин ин муваффақияти фарзандро ба устоди арҷманд, профессори кафедраи фалсафаи донишгоҳ Ибодов Маҳмудулло Орифович муборакбод менамоянд. Ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва фатҳи қуллаҳои нави илму маърифат барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.