,
Шанбе, 20-декабр

Имрӯз, 19 декабри соли 2025, Бобозода Бахтовар - муаллими кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи «Асосҳои методӣ ва лингвофарҳангии ташаккули салоҳиятмандии коммуникативии донишомӯзони хориҷзабон ҳангоми омӯзиши забони тоҷикӣ» бо роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ бо муваффақият ҳимоя намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.08-Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.04-Назария ва методикаи фанҳои гуманитарӣ) дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-047-и назди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дифоъ гардид.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.