, Душанбе, 15-декабр


ХУШХАБАР!

 13.12.2025

ХУШХАБАР!

Имрӯз, 13 декабри соли 2025, Шоҳсанами Ризо - муаллими калони кафедраи таъминоти барномавӣ ва Web-дизайни факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи «Методикаи ташаккулдиҳии завқи инноватсионии хонандагон доир ба бозиҳои математикӣ дар синфҳои 5-9» бо роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо муваффақият ҳимоя намуд.

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02. – Назария ва методикаи таълиму тарбия (13.00.02.02. – Назария ва методикаи таълими фанҳои математикӣ (таҳсилоти умумӣ)" дар Шурои диссертатсионии 6D.КOА- 048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дифоъ гардид.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоян

Лутфан барномаи моро насб намоед!