,
Душанбе, 05-январ

10 декабри соли 2025, Сафарзода Мунир Ватан-номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи «Назария ва амалияи андрагогика дар низоми такмили тахассуси кадрҳои педагогӣ дар шароити нави Ҷумҳурии Тоҷикистон», зери мушовирии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ бо муваффақият ҳимоя намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-077 назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дифоъ гардид.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ устоди гиромӣ ва мушовири илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.