,
Душанбе, 05-январ

19 ноябри соли 2025, Гулмадова Умеда Прайдулшоева - муаллими кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи «Самарабахшии муносибати босалоҳият ба таълим дар синфҳои ибтидоӣ» бо роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Иззатова Муҳаббат Иноятовна бо муваффақият ҳимоя намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисоси 6D010200-Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ (6D010201-Назария ва методикаи таҳсилоти ибтидоии умумӣ) дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-026 назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дифоъ гардид.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.