, Чоршанбе, 21-май


ХУШХАБАР

 11.01.2025

ХУШХАБАР

Санаи 11.01.2025  Султонзода Исмоил Сафаралӣ-муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рисолаи илмии худро дар мавзуи “Фаъолияти ибтикории омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ҳамчун шарти ташаккули тарзи ҳаёти солими хонандагони синфҳои болоӣ” зери роҳбарии Камолзода Сайфиддин-номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, захираҳои иттилоотӣ ва хизматрасонӣ ба истифодабарандагон, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.01-Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-077-и назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳаққиқ ва роҳбари илмияшро барои муваффақона дифоъ намудани рисолаи илмӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотияшон барору музаффариятҳои нав ба нав таманно менамоянд.