, Душанбе, 18-август


Сессияи санҷишию имтиҳонотии шакли таҳсили ғоибона


Ба диққати донишҷӯёни курсҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юми шакли таҳсили ғоибона (равия ва ихтисосҳои омӯзгорӣ)-и донишгоҳ расонида мешавад, ки машғулиятҳои ҳузурии нимсолаи якуми соли таҳсили 2024-2025 тибқи нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ ва фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ №215 аз 23.09.2024 «Оид ба тартиби ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ ва сессияи санҷишию имтиҳонотии донишҷӯёни шакли таҳсили ғоибона барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2024-2025» аз санаи 23.12.2024 оғоз  гардида, то 11.01.2025 идома меёбад.

Ҳамчунин сессияи санҷишию имтиҳонотии нимсолаи якуми донишҷӯёни курсҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юми шакли таҳсили ғоибона аз санаи 13.01.2025 то 18.01.2025 ба роҳ монда мешавад.

Иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои ҳузурӣ ва сессияи санҷишию имтиҳонотӣ ҳатмист!

Раёсати таълим

 20.12.2024
Лутфан барномаи моро насб намоед!