, Шанбе, 21-декабр


Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»


 МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Шуморо барои иштирок дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат», бахшида ба 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки санаи 24 апрели соли 2024 баргузор мегардад, лутфан даъват менамоянд.

         БАХШҲОИ  КОНФЕРЕНСИЯ:

 1. СИЁСАТШИНОСӢ ВА ИДОРАКУНӢ

  • Мактаби сиёсии Пешвои миллат - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон: дастовардҳо, ташаббусҳо ва дурнамо;
  • Дастовардҳои сиёсию амалии Тоҷикистон дар 33 соли давраи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ;
  • Мактаби сулҳофарии Пешвои миллат: роҳу усулҳои мусолиматомез дар бартарафсозии низоъҳои дохилӣ дар таҷрибаи Тоҷикистон;
  • Сиёсати идоракунӣ дар Тоҷикистон: ташаббусҳо дар роҳи рушди устувор;
  • Ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ: ҳолат ва дурнамо;
  • Таҳкими институти идоракунии деҳот дар мисоли мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ (кумитаи маҳалла/деҳот);
  • Механизмҳои рушди иқтидори зеҳнии ҷомеа ва давлат: озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон Ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат» ва ““Тоҷикон” –оинаи таърихи миллат”.

2.ИҚТИСОДИЁТ ВА ЭНЕРГЕТИКА

  • Иқтисодиёти сабз баҳри рушди устувори Тоҷикистон ва ҷаҳон;
  • Муҳоҷирати меҳнатӣ ва мавқеи он дар шароити Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ;
  • Сайёҳӣ - соҳаи афзалиятнок, дастрас ва кафолатбор дар самти рушди устувори иқтисодӣ;
  • Сармоягузории хусусӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ, ташкили фондҳои худфаъоли сармоягузорӣ;
  • Механизмҳои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ: тадбирҳои созанда.

3. ҲУҚУҚ, АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

  • Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва энергетика;
  • Идеология ва ташаккули афкори миллӣ   ҳамчун василаи устувори муқовимат бо таҳдидҳои берунӣ;
  • Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон калиди муваффақиятҳо дар пешрафти ҷомеа;
  • Иттиллоот - воситаи муосири мубориза: тарзу усулҳои истифодаи самараноки иттилоот.

4.МАОРИФ ВА ИЛМ

  • Саҳми Пешвои миллат дар рушди соҳаи маориф ва илм;
  • Рушди таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Фанҳои тахассусӣ ва методикаи таълими онҳо;
  • Таҳсилоти томактабӣ ва рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. КИШОВАРЗӢ ВА САНОАТИКУНОНӢ

  • Саноатикунонии кишвар дар панҷ соли оянда - самти нав ва устувори рушд;
  • Технологияҳои муосири рушди фаъолияти кишоварзӣ;
  • Таъмини амнияти озуқаворӣ асоси рушди устувор ва кафили зиндагии шоистаи мардум.

Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

Тарзи иштирок дар конференсия: мустақим (ҳузурӣ) ва фосилавӣ (онлайн);

Маҷмуаи мақолаҳои конференсия ба табъ мерасад. Маводе, ки дар маҷмуаи мазкур ба нашр мерасад, дар сомонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ ҷой дода мешавад.

Шартҳои иштирок дар конференсия. Сарфу харҷи сафари иштирокчиён ба зиммаи муассисае, ки онҳоро намояндагӣ мекунад, вогузошта шудааст.

Мақолаҳо то 5-уми апрели соли 2024 ба Кумитаи тадорукот дар ҳаҷми 3-6 саҳифа дар шакли электронӣ, ки мазмуни он ба масъалаҳои баррасишавандаи конференсия мувофиқ бошад, қабул карда мешаванд. 

Мақолаҳо ба Кумитаи тадорукот ба нишонии электронии ddk-conf@kgu.tj; sherdil.isufov@mail.ru  фиристода мешаванд. Тасдиқи гирифтани мавод, интихоби он ва даъватномаи расмӣ ба воситаи нишонии электроние, ки мавод ба Кумитаи тадорукот ворид гардидааст, иттилоъ дода мешавад.

Мақолаҳое, ки пас аз муҳлати муқарраргардида ва ё бе риояи талаботи пешниҳодшуда фиристода шудаанд, баррасӣ намешаванд. Аз муаллифон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки мақолаҳоро пас аз таҳрири ҷиддӣ ирсол намоянд.

 ҚОИДАҲОИ ПЕШНИҲОДИ МАҚОЛА:

Формати мақола– А 4, андозаи ҳуруф 12 Times New Roman ё Times New Roman Tj, фосилаи байни сатрҳо – 1, ҳошияҳо аз ҳама тарафҳо – 2 см, бо риояи баробарии сатрҳо, фосилаи сархат (абзатс) – 1,25 cм.

Унвони мақола аз мобайн ва бо ҳарфҳои калон. Пас аз фосилаи яккарата – насаб ва ҳарфҳои аввали ном ва номи падари муаллиф (муаллифон), номи муассиса (ташкилот).

Номгӯйи адабиёти истифодашуда дар охири мақола аз рӯйи тартиби алифбо оварда шуда, аз матни асосӣ бо як сатри холӣ ҷудо мешавад. Овардани манбаи иқтибос дар поварақ мумкин нест, яъне ҳангоми иқтибосоварӣ адабиёти истифодашуда ва саҳифаи мушаххаси он бояд дар қавси чаҳоркунҷа [] нишон дода шавад. Намуна: [3, с. 40], яъне адабиёти 3, саҳифаи 40.

Дар ҳолати ба мавзуъҳои конференсия мутобиқ набудани матн ва риоя нашудани талаботи мазкур кумитаи тадорукот ҳуқуқи барои нашр тавсия надодани мақоларо дорад.

Телефонҳо: (833-22) 2-41-06, (+992) 918 48 44 05, (+992) 989 12 42 28, (+992) 988 02 63 04

Кумитаи тадорукот

 03.04.2024