, Якшанбе, 19-май


Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ


МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Шуморо барои иштирок дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ дар осори шоирон ва адибони даврони истиқлол» (бахшида ба 70-солагии Шоири Халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб), ки санаи 18 апрели соли 2024 баргузор мегардад, лутфан даъват менамояд.

Самтҳои асосии фаъолияти конференсия:

  1. Мактаби ватандӯстии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон;
  2. Муҳаббат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми он дар осори адибони то замони истиқлол;
  3. Ашъори ватандӯстонаи шоирони даврони истиқлолият;
  4. Ватандӯстию меҳанпарастӣ дар асарҳои нависандагони даврони истиқлолият;
  5. Хусусиятҳои луғавию услубӣ дар осори адибони даврони истиқлол;
  6. Инъикоси мавзуи ватандӯстӣ дар фазои публитсистикаи тоҷик.

Забони конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.

Тарзи иштирок дар конференсия: мустақим (ҳузур доштан) ва фосилавӣ (онлайн-конфронс).

Маҷмуаи мақолаҳои конференсия ба табъ мерасад. Маводе, ки дар маҷмуаи мазкур ба нашр мерасад, дар сомонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ ҷой дода мешавад.

Шартҳои иштирок дар конференсия. Сарфу харҷи сафари иштирокчиён ба зиммаи муассисае, ки онҳоро намояндагӣ мекунад, вогузошта шудааст.

Мақолаҳо то 5-уми апрели соли 2024 ба Кумитаи тадорукот дар ҳаҷми 3-5 саҳифа дар шакли электронӣ, ки мазмуни он ба масъалаҳои баррасишавандаи конференсия мувофиқ бошад, қабул карда мешаванд.

Мақолаҳо ба Кумитаи тадорукот ба нишонии электронии confrons@kgu.tj фиристода мешаванд. Тасдиқи гирифтани мавод, интихоби он ва даъватномаи расмӣ ба воситаи нишонии электроние, ки мавод ба Кумитаи тадорукот ворид гардидааст, иттилоъ дода мешавад.

Мақолаҳое, ки пас аз муҳлати муқарраргардида ва ё бе риояи талаботи пешниҳодшуда фиристода шудаанд, баррасӣ намешаванд. Аз муаллифон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки мақолаҳоро пас аз таҳрири ҷиддӣ ирсол намоянд.

ҚОИДАҲОИ ПЕШНИҲОДИ МАҚОЛА:

Формати мақола– А 4, андозаи ҳуруф 12 Times New Roman ё Times New Roman Tj, фосилаи байни сатрҳо – 1, ҳошияҳо аз ҳама тарафҳо – 2 см, бо риояи баробарии сатрҳо, фосилаи сархат (абзатс) – 1,5 cм.

Унвони мақола аз мобайн ва бо ҳарфҳои калон. Пас аз фосилаи яккарата – насаб ва ҳарфҳои аввали ном ва номи падари муаллиф (муаллифон), номи муассиса (ташкилот) ва нишонии электронӣ.

Номгӯйи адабиёти истифодашуда дар охири мақола аз рӯйи тартиби алифбо оварда шуда, аз матни асосӣ бо як сатри холӣ ҷудо мешавад. Овардани манбаи иқтибос дар поварақ мумкин нест, яъне ҳангоми иқтибосоварӣ адабиёти истифодашуда ва саҳифаи мушаххаси он бояд дар қавси чаҳоркунҷа [] нишон дода шавад. Намуна: [3, с. 40], яъне адабиёти 3, саҳифаи 40.

Дар охири мақола маълумот дар бораи муаллиф нишон дода мешавад - насаб, ном ва номи падар - пурра, дараҷа ва унвони илмӣ, вазифа , рақами телефон бояд  мувофиқи паҳнои саҳифа ҷойгир карда шаванд (бо забони мақола).

Дар ҳолати ба мавзуъҳои конференсия мутобиқ набудани матн ва риоя нашудани талаботи мазкур кумитаи тадорукот ҳуқуқи барои нашр тавсия надодани мақоларо дорад.

 

Телефонҳо: (833-22) 2-41-06, (+992) 918 67 08 50; 985 16 75 69.

Кумитаи тадорукот

ИНФОРМАЦИОННОЕ ПИСЬМО

Руководство Кулябского государственного университета имени Абуабдуллох Рудаки приглашает вас принять участие в республиканской научно-теоретической конференции на тему «Патриотизм и национальное самосознание в творчестве поэтов и писателей периода независимости» (посвященная 70-летию Народного поэта Таджикистана Мухаммада Гоиба), которая проводится 18 апреля 2024 года.

Основные направления конференции:

  1. Школа патриотизма Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона;
  2. Любовь к Родине и защита ее границ в произведениях писателей до периода независимости;
  3. Патриотическая лирика поэтов эпохи независимости;
  4. Патриотизм в творчестве писателей эпохи независимости;
  5. Лексические и стилистические особенности произведений писателей эпохи независимости;
  6. Отражение темы патриотизма в таджикской публицистике.

Рабочие языки конференции: таджикский и русский.

Участие в конференции: офлайн и онлайн.

Материалы конференции будут опубликованы. Материалы, опубликованные в сборнике, также будут размещены на сайте Кулябского государственного университета имени Абуабдуллох Рудаки.

Условия участия в конференции. Транспортные и командировочные расходы участников несет представляющее их учреждение.

Статьи принимаются до 5 апреля 2024 года в Оргкомитет в объеме 3-5 страниц в электронном виде, содержание которых соответствует обсуждаемым на конференции вопросам.

Статьи отправляются в Оргкомитет по электронной почте confrons@kgu.tj Подтверждение получения материала, его отбор и официальное приглашение должны быть отправлены по электронной почте в Оргкомитет.

Во время конференции авторам будет предоставлен сборник статей конференции. Статьи, присланные позже указанного срока или не соответствующие требованиям, рассматриваться не будут. Убедительная просьба к авторам присылать статьи после тщательного редактирования.

ПРАВИЛА ПРЕДОСТАВЛЕНИЕ СТАТЬИ:

Формат статьи - А 4, кегль шрифта 12 Times New Roman  или Times New Roman Tj , межстрочный интервал - 1, поля со всех сторон - 2 см, с равенством строк, межстрочный интервал - 1,25 см.

Заголовок статьи - посередине заглавными буквами. Через один пробел - фамилия и первые буквы имени и отчества автора (авторов), название учреждения (организации) и адрес электронной почты. Формулы необходимо создавать в редакторе формул.

Список использованной литературы приводится в конце статьи в алфавитном порядке и отделяется от основного текста одной пустой строкой. Источник цитаты не должен указываться на странице, т.е. при цитировании использованная литература и ее конкретная страница должны быть указаны в квадратных скобках [ ]. Пример: [3, с. 40], т.е. литература 3, стр. 40.

После библиографии следует указать название статьи, аннотацию и ключевые слова на таджикском, русском и английском языках.

В конце статьи указываются сведения об авторе - фамилия, имя и отчество полностью, ученая степень, ученое звание, должность и номер телефона должны быть размещены с выравниванием текста по ширине страницы (на языке статьи).

В случае несоответствия текста тематике конференции и несоблюдения данных требований оргкомитет имеет право не рекомендовать статью к публикации.

Телефон: (833-22) 2-41-06, (+992) 918 67 08 50; 985 16 75 69.

Оргкомитет

 03.04.2024
*/