Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Шуморо барои иштирок дар конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Масоили муҳими таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳон дар шароити муосир», ки санаи 9-10 июни соли 2023 дар заминаи кафедраи «Назарияи иқтисодӣ»-и факултети молиявию иқтисодӣ доир мегардад, лутфан даъват менамояд.
Самтҳои асосии конференсия:
- Идоракунии хавфҳои соҳибкорӣ дар системаи амнияти иқтисодӣ;
- Хусусиятҳои таъмини амнияти иктисодии корхонаҳо ва минтақаҳои кишвар;
- Сармоягузориҳо ва инноватсияҳо дар системаи амнияти иқтисодӣ;
- Сиёсати иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагӣ дар стратегияи амнияти иқтисодӣ;
- Ҳамоҳангсозии сиёсати саноат ва савдо бо назардошти амнияти иқтисодӣ;
- Интенсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ;
- Амнияти энергетикӣ ва самаранокии истифодаи захираҳои обӣ дар шароити тағйирёбии иқлим;
- Криминализатсияи муносибатҳои иқтисодӣ ва механизмҳои муқовимат ба иқтисоди ниҳонӣ;
- Масъалаҳо ва дурнамои банақшагирии механизмҳои молиявию карзӣ бо мақсади таъмини амнияти иқтисодии кишвар;
- Таъмини амнияти инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ ҳамчун омили рушди устувори иқтисодӣ;
- Робитаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар доираи амнияти иқтисодӣ;
- Модели механизми институтсионалии таъмини амнияти иқтисодии кишварҳои ҷаҳон.
Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Тарзи иштирок дар конференсия: мустақим (ҳузур доштан) ва фосилавӣ (маҷозӣ). Маҷмуаи мақолаҳои конференсия ба табъ мерасад.
Мақолаҳо то 25-уми майи соли 2023 ба Кумитаи тадорукот дар ҳаҷми то 6 саҳифа дар шакли электронӣ, ки мазмуни он ба масъалаҳои баррасишавандаи конференсия мувофиқ бошад, қабул карда мешаванд.
Мақолаҳо ба Кумитаи тадорукот ба нишонии электронии mmirsaidov@mail.ru фиристода мешаванд. Тасдиқи гирифтани мавод, интихоби он ва даъватномаи расмӣ ба воситаи нишонии электроние, ки мавод ба Кумитаи тадорукот ворид гардидааст, иттилоъ дода мешавад.
Телефон: (+992) 988 45 09 09, 985 90 59 90