, Чоршанбе, 03-июл

ҒОЛИБИЯТИ УСТОДИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 26.06.2024 39

ҒОЛИБИЯТИ УСТОДИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ҳамасола дар доираи Лоиҳаи "Нашрияи байналмилалии Китоб" озмуни "Беҳтарин олимон ва муҳаққиқони ҷавони ИДМ” бо ташаббуси Ассотсиатсияи шахсони ҳуқуқии Ҳаракати умумимиллии “Бобек”-и Ҷумҳурии Қазоқистон миёни муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиҳати дарёфти корҳои илмӣ - таҳқиқотии беҳтарин ва дар амалия татбиқ намудани онҳо доир карда мешавад ва дар он шумораи зиёди намояндагони кишварҳои ИДМ иштирок менамоянд.

Хурсандиовар аст, ки Мирсаидов Муҳаммаднаим, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар озмуни байналмилалии "Беҳтарин муҳаққиқи ИДМ - 2024" ғолибиятро ба даст оварда, бо медалу Дипломи дараҷаи 1-ум  қадрдонӣ карда шуд.

Раёсат ва аҳли устодону кормандони Донишгоҳ Мирсаидов Муҳаммаднаимро барои мушарраф гардидан ба ин дастовард самимона табрик гуфта, барояш дар фаъолияти минбаъдаи илмиву эҷодӣ муваффақиятҳо таманно менамоянд.




Ба рӯйхат