,
Панҷшанбе, 26-декабр
Ҳамватанони азиз!
Фардо иди саиди Қурбон, ки моҳияти онро арзишҳои неки инсондӯстӣ, анҷоми корҳои хайру савоб, тарғиби адлу инсоф ва кумаку меҳрубонӣ нисбат ба ҳамдигар ташкил медиҳанд, фаро мерасад.
Мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони кишвар оромиву осоиш ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.
Тибқи таълимоти дини мубини ислом ҳикмати ин иди муқаддас, пеш аз ҳама, эҳтиром ва шинохти қадру манзалати ҳамдигар, бахусус, падару модар, дигар калонсолон, шукронаи зиндагии орому осуда, омурзиши гуноҳҳо, хайру саховат, тарғиби ростиву растагорӣ ва сафои ботини шахси мусулмон мебошад.
Дар хотир бояд дошт, ки иди Қурбон тӯй ё маросиме нест, ки боиси вазнин шудани вазъи молии инсон ва аъзои оилаи вай гардад.
Русуму одоби он адои намози ид ва қурбонӣ кардан танҳо аз ҷониби шахсони дорои имконияти мусоиди молӣ мебошад.
Асл ва моҳияти қурбонӣ ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамдигар, раҳму шафқат ва ҷиҳати дастгирии мардуми камбизоат ба хайру саховат ҷалб намудани мардуми доро мебошад.
Такроран хотирнишон менамоям, ки қурбонӣ кардан танҳо ба шахсоне воҷиб аст, ки имконияти мусоиди молиявӣ доранд ва дар масъалаи таъминоти аҳли оилаи онҳо мушкилие вуҷуд надорад.
Яъне қурбонӣ кардан барои ҳамаи муъминон шарт ва ҳатмӣ нест ва анҷом додани ин амал ба қудрату тавоноии ҳар шахс вобаста мебошад.
Дар ояти 286-уми сураи «Бақара»-и Қуръони маҷид зикр шудааст, ки «Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноияш воҷиб намекунад».
Онҳое, ки ойини қурбониро анҷом медиҳанд, бояд қурбониро, дар навбати аввал, ба хоҳару бародар ва хешовандони ниёзманди худ, оилаҳои камбизоат, дигар шахсони эҳтиёҷманд ва ҳамсояҳо диҳанд.
Ҳамчунин, дар арафаи иди Қурбон муъминон ба зиёрати хонаи Худо мераванд, ки яке аз аркони дини мубини ислом мебошад.
Дар робита ба ин, қобили зикр аст, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо дар асоси Конститутсия ба шаҳрвандон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин кафолат дода шудааст ва давлату Ҳукумати мамлакат онро ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳифз ва таъмин менамояд.
Ҳоло дар кишвари мо беш аз чор ҳазор масҷид дар хизмати намозгузорон қарор дорад, яъне ба 2000 – 2500 нафар як масҷид рост меояд.
Ҳол он ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 – 3,5 ҳазор ва дар мамолики дигари ҷаҳон 5 – 5,5 ҳазорро ташкил медиҳад.
Дар 70 соли замони гузашта дар кишвари мо ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият дошту халос.
То имрӯз беш аз 255 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон маросими ҳаҷҷи фарзӣ ва зиёда аз 400 ҳазор нафар сафари умраро ба ҷо овардаанд.
Имрӯзҳо боз ҳазорон нафари дигар ба зиёрати хонаи Худо раҳсипор шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки тайи 70 соли даврони гузашта ҳамагӣ 29 нафар шаҳрвандони мо маросими ҳаҷро ба ҷо оварда буданд.
Вобаста ба ин, як нуктаи муҳимро таъкид менамоям: равиши мантиқии бунёди давлати миллии мо талаб мекунад, ки ҳам арзишҳои маънавӣ, ҳам расму ойинҳо ва ҳам суннату анъанаҳои фарҳанги аҷдодӣ бояд барои таҳкими соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва амнияти давлату ҷомеа мусоидат намоянд, яъне дар хизмати сулҳу субот ва саодату осоиши мардуми кишварамон қарор дошта бошанд.
Зеро агар дар кишвар сулҳу осоиш барқарору пойдор набошад, мову шумо наметавонем, ки расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои милливу эътиқодиамонро амалӣ созем ва фаризаҳои динии худро ба ҷо оварем.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо масъулу вазифадорем, ки дар амалӣ намудани арзишҳои милливу динӣ манфиатҳои халқи Тоҷикистон ва давлати тоҷиконро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем.
Мо бояд дар ёд дошта бошем, ки ҳамоҳангии дурусту оқилонаи арзишҳои милливу эътиқодӣ бо манфиатҳои мардуми кишвар ва Ватани азизамон кафолати устуворӣ ва бардавомии давлатдории миллии мо мебошад.
Хайру саховат, дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, сарфаю сариштакорӣ ва риояи меъёрҳои муқарраркардаи қонуни танзим, яъне таъмини волоияти қонун, тарбияи фарзандон, омӯзонидани илму дониш, касбу ҳунар ба онҳо ва омода кардани мутахассисони созандаву эҷодкор муҳимтарин корҳое мебошанд, ки бояд дар ин самт анҷом дода шаванд.
Ман андешаҳои худро дар хусуси вазъи мафкуравии ҷомеа, аз ҷумла одоби ҳаҷ борҳо гуфтаам ва 9-уми марти соли ҷорӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ин масъалаҳоро бори дигар муфассал баён доштам.
Аз ҷумла таъкид намудам, ки вақтҳои охир баъзе ҳамватанони мо дар анҷом додани маросими ҳаҷ ба зиёдаравию намоишкорӣ роҳ дода, зиёрати хонаи Худоро ба як намуди мусобиқа мубаддал сохта истоданд.
Ин раванд дар ҳоле идома дорад, ки дар зиндагӣ ва шароити оилаи бисёре аз онҳо мушкилоти зиёд вуҷуд доранд.
Ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки баъзеҳо ҳатто қарз гирифта, ба ҳаҷ мераванд.
Дар ҳар ду ҳолат, яъне ҳам дар сурате, ки одамон бо доштани мушкилот дар зиндагии оилаашон ва ҳам бо гирифтани қарз ин корро анҷом медиҳанд, одобу русуми ҳаҷ вайрон ва ҳикмати он иллатпазир мегардад.
Вобаста ба ин масъала дар маъхазу сарчашмаҳои муътабари динӣ возеҳан гуфта шудааст, ки ҳаҷ фақат як бор воҷиб аст.
Зеро Паёмбари ислом як маротиба ҳаҷ карда, такроран анҷом додани ин амалро барои худ, дар ҳоле, ки дар сарзамини араб мезистанд, раво надидаанд.
Шахсоне, ки такрор ба такрор ба ҳаҷ мераванд, фармудаҳои бузургонамонро набояд фаромӯш созанд, ки гуфтаанд:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст
В – аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ дар ин хусус гуфтааст: «Ҳаҷҷи хонаи Халил осон аст, аммо ҳаҷҷи ҳарами Ҷалил кори шермардон аст».
Яъне зиёрат кардану шод гардонидани дили инсон, ки ҷойгоҳу назаргоҳи Худост, бахусус, қалби шахсони бемору муҳтоҷ ва оилаҳои камбизоат муҳимтар аз зиёрати хонаи Худо мебошад.
Яке аз донишмандони бузурги тоҷик Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ки аз муфассирони машҳури Қуръони карим мебошад, мардуми соҳибдилро даъват мекунад, ки тавофи Каъбаи дилро анҷом диҳанду савоби бештар ба даст оваранд.
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ба ҷо овардани ҳаҷҷи хонаи Худо баробар ба адои як фарз дар қатори рӯзаву намоз аст.
Бинобар ин, бояд донист, ки ҳаҷ ҷойгоҳу мақоми як муъминро аз муъмини дигар боло намебарад, зеро манзалату обрӯи инсони муъмину мусулмон танҳо бо парҳезгориву порсоӣ ва нафърасон будан ба инсонҳо баланд мегардад, на бо роҳи дигар.
Дигар ин, ки дар ягон сарчашмаи исломӣ нисбат ба дигар муъминон баланд будани унвони «ҳоҷӣ» зикр нашудааст.
Тавре ҳамватанони азизи мо мушоҳида мекунанд, солҳои охир садҳо нафар шаҳрвандони хайрхоҳу ватандӯсти мо маблағи барои ҳаҷ ҷамъкардаашонро дар роҳи кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату шахсони ниёзманд, бунёду таъмири роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва дигар корҳои хайр сарф карда истодаанд.
Амали онҳо, албатта, қобили таҳсин ва дастгирӣ мебошад.
Зеро корҳое, ки чунин шахсон анҷом медиҳанд, ба хайру осоиш ва беҳбудии рӯзгори мардум равона гардидаанд.
Дар робита ба ин, як ҳадиси саҳеҳро аз маҷмӯаи ҳадисҳои Абулқосими Табаронӣ зикр менамоям, ки чунин аст: рӯзе дар ҳузури ҳазрати Умар марде назди ҳазрати Паёмбар омаду пурсид: ё расули Худо, кист беҳтарин инсон аз мардум назди Худованд ва кадом амал аст аз маҳбубтарин амалҳо назди Парвардигор?
Паёмбари ислом ҷавоб доданд: беҳтарини инсон назди Худованд касе аст, ки манфиаташ бештар ба мардум мерасад ва маҳбубтарин амал назди Парвардигор дили ғамгинеро шод кардан, вазнинии муҳтоҷеро баровардан, як мушкилӣ ва қарзи бандаеро сабук кардан ё гуруснаеро таом додан аст.
Ин аст ҳикмати асли таълимоти дини мубини ислом.
Дар ин росто, эҳтироми падару модар ва ба ҷо овардани хизмати онҳо, ки дар фарҳанги чандинҳазорсолаи мо мақоми қиблагоҳро доранд, аз ҷумлаи ҳикматҳои дини мубини ислом, иди саиди Қурбон ва беҳтарин савоб мебошад, ки ба қавли бузургон баробар ба ҳаҷ кардан аст.
Дар шароити бисёр ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир мо бояд сарҷамъу муттаҳид бошем, сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам ободу зебо ва давлатамонро неруманду пешрафта гардонем, фарзандонамонро тарбияи дуруст диҳем, онҳоро ба омӯхтани илму донишҳои муосир, касбу ҳунарҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ ва албатта, ба одобу ахлоқи ҳамида ҳидоят намоем.
Дар ин раванд, бояд ба таълиму тарбияи духтаронамон, яъне босаводу соҳиби касбу ҳунар гардонидани онҳо эътибори махсус диҳем.
Мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки давлати соҳибихтиёр ва Ватани озоду обод дорем, ҷаҳониён миллати тоҷикро бо фарҳангу тамаддуни бостониаш мешиносанд ва ташаббусҳои созандаи давлати тоҷиконро ҷонибдорӣ мекунанд.
Мо бояд ҳамеша ва дар ҳар ҷои дунё аз тоҷик будани худ ифтихор кунем.
Зеро мо миллати тамаддунсозу фарҳангӣ ва соҳибони расму ойинҳои миллие мебошем, ки моҳият ва ҷавҳару маънии онҳоро дар ҳар давру замон на ғояҳои ақибмондаву иртиҷоӣ, балки андешаҳои инсондӯстонаву хайрхоҳона ташкил медиҳанд.
Маҳз забон, фарҳангу тамаддун ва расму ойинҳои миллии тоҷикон буданд, ки моро дар давраҳои вазнинтарини таърихӣ ҳифз карданд ва ба ин рӯзҳои нек расониданд.
Яъне тоҷикон ба шарофати ҳамин арзишҳои бостонии хеш, пеш аз ҳама, бо забон, фарҳанг, расму ойин, сару либос ва суннату анъанаҳои хоси худ, аз ҷумла Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада дар тӯли ҳазорсолаҳо зинда монданд ва ҳазорсолаҳои дигар низ зинда хоҳанд монд.
Аз ин рӯ, мо низ дар шароити соҳибистиқлолӣ барои ҳифзи ин фарҳангу тамаддуни пурғановати миллӣ масъул ва вазифадорем.
Мо бо ифтихор баён медорем, ки ба мазҳаби дигар, ба ҷаҳонбиниву мафкураи дигар, ба урфу одат, расму ойин, сару либос ва фарҳангу маънавиёти бегона эҳтиёҷ надорем.
Зеро ҳамаи ин арзишҳоро мо дар омезиши барҷаста бо хусусиятҳои сирф миллии худамон доштем ва дорем.
Мо набояд аз ёд барорем, ки мазҳаби аз ҳама бештар густаришёфтаи исломро, ки бо ақлгароӣ, таҳаммулгароӣ ва инсондӯстиаш назир надорад, фарзанди бузурги миллати тоҷик Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам поягузорӣ карда, ба хизмати мусулмонони олам гузоштааст.
Мо бо ифтихор баён медорем, ки ориёӣ ҳастем, таърихи беш аз 6000-сола дорем ва сокинони бумиву соҳибони ҳамин сарзамин мебошем.
Бинобар ин, мо набояд бегонарастӣ кунем ва ба хурофоту ифротгароӣ роҳ диҳем.
Баръакс, мо бояд ҳамеша ҳушёр бошем, ки мисли солҳои 90-уми асри гузашта бори дигар фирефтаву гирифтори нақшаҳои муғризонаи дигарон нагардем.
Давлати Тоҷикистон бо такя ба ақлу хиради азалии мардуми худ барои таъмин намудани хушбахтии шаҳрвандони кишвар, яъне ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва зиндагии осудаи ҳар як хонадони мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Такроран таъкид месозам, ки мо акнун давлат бунёд карда истодаем, дар зиндагиамон ҳанӯз мушкилоти зиёд дорем.
Барои ҳалли онҳо кор мекунем, заҳмат мекашем, Ватанамонро соҳибӣ мекунем, обод мекунем ва намегузорем, ки халқамон дастнигари дигарон шавад.
Бахусус, ҷавононамон, ки мо онҳоро захираи бузурги стратегӣ барои ояндаи давлати соҳибистиқлоламон меҳисобем, бояд хонанд, донишманд шаванд, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дошта бошанд ва аз тоҷик будани худ ифтихор намоянд.
Мо солҳои ниҳоят вазнини 90-уми асри гузаштаро, ки бо дахолати қувваҳои бадхоҳ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба сарамон омаданд, сипарӣ намудем, миллатамонро дигарбора соҳибӣ кардем, сарҷамъ намудем, давлатамонро аз нестӣ наҷот додем, яъне аз вазъияти бениҳоят сангин, шукр, ки баромадем.
Аз ин рӯ, бояд чун ҳарвақта заҳмат кашем, бахусус, ҳосили фаровони имсоларо, ки ба шарофати табиати биҳиштосо ва аз баракати кишоварзони бонангу номусамон муяссар гардидааст, беталаф ҷамъоварӣ намоем, кишти такрориро вусъат бахшем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва дар фикри захираи маводи ғизоӣ ва зиёд кардани содироти маҳсулот бошем.
Бо нияти оромиву суботи ҳамешагӣ ва ваҳдати ҷовидони миллӣ бори дигар фарорасии иди саиди Қурбонро ба ҳамаи шумо – ҳамдиёрони азиз самимона табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, иқболи нек, барори кор ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям.
Ид муборак бошад, ҳамватанони азиз!
http://www.president.tj/node/33649