,
Ҷумъа, 27-декабр
Бо чунин ном санаи 8-уми июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 27-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ва гиромидошти хотираи неки олим, педагог ва ходими давлатӣ Тағай Раҳмонов баргузор гардид.
Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, олимону донишмандони кишвар, аз ҷумла сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Қурбонов Абдураҳмон, доктори илмҳои фалсафа, академики АМИТ Олимов Кароматулло, доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аҳмадов Саид, доктори илмҳои фалсафа, профессор Ибодов Маҳмадулло ва ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ олимону донишмандон ва меҳмонони гиромиро ба боргоҳи илму маърифат-Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, хайрамақдам гуфта, ҳузури онҳоро дар кори конфронс рамзи садоқат ва шодии афзуни коллективи донишгоҳ арзёбӣ намуданд.
Дар идома аҳли нишастро ба муносибати фарорасии 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, ёдовар шуданд, ки “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардумамон шароити мусоид фароҳам овард. Таърих собит намуд, ки ваҳдати миллӣ омили асосии оромиву субот ва ҷузъи муҳимтарини ҳувият, андеша ва ғояи миллии тоҷикон ба шумор меравад.
Аз лаҳзаи ба имзо расидани ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, Ватани азизи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, 27-сол сипарӣ гардид. Ҳамчун шаҳрванди кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистони маҳбуб, 27 сол дар нигоҳамон чун 27 соли эҳёи миллат, баҳамоӣ, худсозиву худшиносӣ, таъмини сулҳу субот ва эъмори давлати навини тоҷикон ба назар мерасад.
Бо итминон иброз медорем, ки ин марҳила дар шаҳкитоби таърихи давлатдории тоҷикон бо оби заррин сабт хоҳад гашт”.
Сипас, тибқи барномаи конференсия академик Олимов Кароматулло, профессорон Қурбонов Абдураҳмон, Аҳмадов Саид, Ибодов Маҳмадулло бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуда, доир ба мавзуъҳои фалсафаи ваҳдат ва истиқрори сулҳи тоҷикон ва ҷойгоҳи ходими давлатӣ, олим ва донишманди номдор-Тағай Раҳмонов, дар омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва хизмат ба Ватан ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин дар бахши музокира профессор Абдуллоев Маҳмуд, дотсентон Иброҳимов Грез, Савронбӣ Раҳимова, муаллимони калон Қурбонов Зайнал, Шоинов Ҳасан доир ба масоили баррасишавандаи конференсия ибрози андеша намуданд.
Иштирокчиён зимни ироаи маърӯзаҳо ёдовар шуданд, ки оғози марҳилаи навини давлатдорӣ барои мардуми тоҷик ниҳоят душвор ва гарон афтод. Мутаассифона, сарзамини куҳанбунёди мо “...ҳанӯз самараи истиқлолияти давлатиро фурсати чашидан наёфта, ба хатари марговаре рӯ ба рӯ омад, ки хавфи аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудан ба ӯ таҳдид мекард” Ин хатари марговар ҷанги шаҳрвандист, ки оқибатҳои он тасаввурнопазир ва даҳшатовар буд.
Таъкид карда шуд, ки дар ин роҳи басо душвор Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шуҷоату ҷасорати нотакрор, фаросати волои давлатдорӣ, меҳри ватанпарастиву миллатдӯстӣ ҷони хешро ба гарав монда, барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар намуда, сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуданд.
Дар ин роҳи саодатбори зиндагӣ-ваҳдатофаринӣ фарзандони фарзонаи халқи тоҷик дар паҳлӯи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарор намудани ҳукумати конститусионӣ камари ҳиммат баста, чун фидоӣ дар хизмати халқу давлат буданд.
Аз ҷумали чунин ҷавонмардони ғаюр, олими шинохта ва устоди зиндаёд, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳтарам Тағай Раҳмонов мебошад.
Устод Тағай Раҳмонов аз зумраи он донишмандоне буданд, ки умри бобаракати хешро дар роҳи омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон равона намуда, барои ободӣ ва рушди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб саҳми бориз гузоштаанд.
Дар интиҳои кори конференсия изҳори умед карда шуд, ки ҷамъи устодону шогирдони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар партави сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар талоши он хоҳанд буд, ки ҷашни муқаддаси Ваҳдати миллиро бо дастовезҳои шоёни илмӣ ва тарбиявию таълимӣ сазовор истиқбол мегиранд.