,
Шанбе, 21-декабр
Санаи 15.05.2024 дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Роҳи беҳтарини омӯзиши забони хитоӣ”-и назди кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил Саидов Абдулло - ассистенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, Шарипова Зулола - ассистенти кафедраи мазкур, ҳамзамон роҳбари маҳфил ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари маҳфил Шарипова Зулола суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Давлатов Фирдавс - донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Истифодабарии методҳои ҳазл ва шӯхӣ дар раванди дарс”, Мирова Хуршеда - донишҷӯи курси панҷуми факултет дар мавзуи “Конфутсий” ва Ғаюрзода Нисо - донишҷӯи курси чоруми факултет дар мавзуи “Фарҳанги мардуми Чин” суханронӣ намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.