,
Шанбе, 23-ноябр
Дар асоси протоколи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷаласаи комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз 14 марти соли 2024, №1, ҷиҳати иҷрои талаботи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баҳри дар сатҳи баланд ва ба таври шаффоф гузаронидани даврҳои якум ва дуюми озмуни мазкур дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 4-уми апрели соли 2024 семинар-машварат барои ҳайати комиссияи ҳакамон ва масъулини шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз тарафи гурӯҳи кории Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Семинарро Файзиддин Қурбонзода намояндаи ҳукумати вилояти Хатлон оғоз намуда, мақсад аз ташкили семинар-машваратро иброз доштанд.
Сипас, Раҷабзода Сироҷиддин – директори Институти таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Маҷидов Одинабой – мудири шуъбаи география ва зондкунонии АМИТ тариқи рӯнамо (презентатсия) баромад намуданд. Зимни баромади хеш доир ба шартҳои иштирок дар озмун, дуруст омода намудани ҳуҷҷатҳо барои пешниҳод намудан, тартиби баргузории озмун ба аҳли нишаст маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар охир миёни аҳли нишаст саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт ва иштирокчиён тавсияҳои худро баҳри боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани кори озмун пешниҳод намуданд.