,
Душанбе, 14-октябр
Дар Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” миёни донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисоси PhD ва унвонҷӯёни муассиса баргузор гардид, ки дар он беш аз 50 корҳои озмунии иштирокчиён аз ҷониби ҳайати ҳакамон мавриди омӯзиш ва натиҷагирӣ қарор дода шуд.
Озмун ҷиҳати иҷрои мактуби Вазорати маориф ва илми кишвар бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму техника, технология, рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология ва принсипҳои сиёсати илмӣ-инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Ташкил ва баргузории чунин озмунҳо имконият фароҳам меорад, ки бо роҳи ҳавасмандгардонии донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, баланд бардоштани мақому мартабаи онҳо, инчунин ҷалби бештари онҳо ба корҳои илмию техникӣ барои баланд бардоштани сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ ва дар оянда тайёр кардани кадрҳои минбаъдаи илмӣ дар муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ ва сайқали неруи зеҳнии онҳо заминаи мусоид фароҳам гардад.