, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД ДАР ФАКУЛТЕТИ ОМӮЗГОРӢ ВА ФАРҲАНГ

 20.02.2024 245

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД ДАР ФАКУЛТЕТИ ОМӮЗГОРӢ ВА ФАРҲАНГ

Санаи 20-уми феврал дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби ассистенти кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Назарова Хосият дар гурӯҳи таълимии 408-и ихтисоси равоншиноси амалӣ дар мавзуи “Инкишофи тафаккур дар ҷараёни таълим” дарси кушод баргузор гардид.

Дар дарс доктори илмҳои педагогӣ, профессор Изатова Муҳаббат, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ, номзади илмҳои педогогӣ, дотсент Шарипов Бахтовар ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.

Муаллим  Назарова Хосият дарсро оғоз намуда, дар робита ба мавзуи дарс маълумоти муфассал ироа намуда, иброз доштанд, ки “Тафаккур протсесси маърифатие мебошад, ки одам бо туфайли он дар бораи олам ва ҳодисоти он донишҳои мукаммал ҳосил мекунад. Ҳаёт дар назди инсон чунин масъалаҳоеро пеш мегузорад, ки онҳоро танҳо тавассути идроки бевосита ҳал кардан мумкин нест. Ба бисёр саволҳо дар асоси хулоса баровардан аз донишҳои мавҷуда ҷавоб ҷӯстан зарур аст ва ба ин фаъолияти фикрӣ мусоидат мекунад. Тафаккур ҳамеша бо ҳалли масъала алоқаманд аст.”.

Дар идомаи дарс муаллим донишҷӯёнро ба ду гурӯҳ, яке психологҳо, дигаре психономикҳо ҷудо намуда, ба онҳо супоришҳо дод, ки донишҷӯён аз уҳдааш ба хубӣ баромаданд.

Дар зимн донишҷӯёни гурӯҳи таълимӣ  доир ба тафаккур аз суханони бузургон иқтибосот оварда, онҳоро  шарҳу тавзеҳ доданд.

Дарс бо муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба охир расид ва ҳозирин дарси муаллимро хуб баҳогузорӣ намуданд.




Ба рӯйхат