, Ҷумъа, 27-декабр

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 30.11.2023 235

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ мардум бо таърихи адабиёти ниёкон ошноӣ пайдо намуда, осори пурғановати шоирони машҳури тоҷику форс дастрас гардид. Дар ин росто санаи 30.11.2023 конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони “Саҳми Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар рушди адабиёти тоҷик” баргузор гардид.

Дар кори конфронс  муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, дотсент Холиқова Зайналбӣ, муовини декан оид ба таълим, дотсент Шамшоди Ҷамшед, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Исупов Шердил ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва унвонҷӯёну донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Конфронсро мудири кафедраи адабиёти тоҷик, дотсент Холиқова Зайналбӣ оғоз намуда, қайд карданд, ки Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ яке аз суханварони орифу фарзона, мутафаккир, соҳибфазилат ва шоири сухансанҷу нозукбаён мебошад, ки дар таърихи адабиёти тоҷик шарафёби мақом ва манзалати хос гардида, осори рангину арзишмандаш мазраи дилҳоро шодоб мегардонад. Аз мутолиаи осори  гаронбаҳояш маълум мегардад, ки Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар замонаш аз ҷониби амалдорон сахтӣ ва ранҷи зиёд кашидааст.

Сипас, Содиқов Ёралӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик, дар мавзуи “Мавзуъ ва мундариҷаи ғоявии достони “Комде ва Мадан” –и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ”, Алиева Бахтинисо, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон дар мавзуи “Мақоми сухан аз нигоҳи Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ”, Шамшоди Ҷамшед, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик дар мавзуи “Баъзе ҷанбаҳои панду ахлоқӣ дар ғазалиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ”, Сайдалиева Сарварбӣ, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон дар мавзуи “Корбурди исмҳои мураккаб дар осори Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ” маърӯзаҳо намуданд.

Қайд гардид, ки  Ҳоҷӣ Ҳусайн ба ғайр аз омӯхтани илмҳои замон ва ба фасоҳату балоғати шоирӣ расидан ба санъатҳои гуногуни нафиса ҷиддӣ машғул шуда, ба лаввоҳӣ, тарроҳӣ, саҳҳофӣ, наққошӣ ва санъати муҳрканӣ маҳорати баланд доштааст. Дар эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ақидаҳои пешқадам ба мисли ҳимояи аҳли илму ҳунар, танқиду мазаммати зулму золимон, инъикоси ишқу муҳаббати поки инсонӣ ва дигар фикру ақидаҳои панду ахлоқӣ хеле зиёданд. Осори  гаронмоя ва панду ахлоқии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ тулӯи офтоби рахшонро мемонад, ки зеҳни хонанда баъд аз мутолиаи онҳо рӯшан ва рӯҳаш болида мегардад.

Дар охир донишҷӯдухтарони факултет аз эҷодиёти Муҳаммад Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ шеърҳо қироат намуданд.




Ба рӯйхат